БАРНОМАҲОИ СТАНДАРТИИ WINDOWS. ТАҲРИРГАРИ МАТНИИ БЛОКНОТ
admin 16.11.2018 Илм Comments Off on БАРНОМАҲОИ СТАНДАРТИИ WINDOWS. ТАҲРИРГАРИ МАТНИИ БЛОКНОТ 2,127 Показы
Программаҳои стандартӣ. Аслан аз системаҳои оператсионӣ талаб карда намешавад, ки онҳо дар таркиби худ воситаҳои иҷрои масъалаҳои мушаххаси амалиро дошта бошанд. Барои ҳалли чунин масъалаҳо таъминоти программавии амалӣ мавҷуд аст. Вазифаи асосии системаҳои оператсионӣ – таъмини алоқаи байни истифодабаранда, таҷҳизот ва программаҳо ба ҳисоб меравад. Новобаста ба ин, дар таркиби системаи оператсионии Windows маҷмўи маҳдуди программаҳои амалӣ пешбинӣ карда шудаанд, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои оддӣ ва зуд-зуд вохўранда ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна программаҳоро замимаҳои стандартии Windows мегўянд.
Омўзиши программаҳои стандартии Windows имконият медиҳад, ки азхудкунии воситаҳои программавии махсусгар донидашуда тезонида шавад. Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графикии Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкуля тор ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии сис-тема ё программаҳои Компютери ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.
Программаи Блокнот. Программаи Блокнот – таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназаргуза- ронии файлҳои матнии типи .TXT, сохтани ҳуҷҷатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура исти фода бурда мешавад. Ин программаро бо ёрии командаи Менюи асосии система ба кор даровардан мумкин аст:
(ОғозПрограммаҳоСтандартӣБлокнот). Равзанаи блок нот дар расми 42 оварда шудааст.
Тарзи дохилкунии матн бо ёрии Блокнот хеле оддӣ аст. Барои дохилкунии матни ягон ҳуҷҷат бештар аз блоки ҳарфӣ-рақамии клавиатура истифода мебаранд. Ҳангоми ба
канори рости равзанаи программа расидани матн, истифо-дабаранда бояд тугмаи Enter -ро пахш намояд. Агар ў хоҳад, ки матн ба таври автоматӣ аз сатр ба сатр гузаронида ша-вад, он гоҳ ў бояд аз командаи менюи равзана Прав-каПеренос по словам (ТаҳрирГузариш аз рўи калимаҳо) истифода барад. Мавқеи дохилкунии символҳои матн дар сатр бо ёрии курсор (аломати ) муайян карда мешавад.
Равзанаи программаи Блокнот Блокнот имконият медиҳад, ки матни ҳуҷҷат ба воситаи танҳо яке аз намудҳои ҳуруфҳо дохил карда шавад. Интихо-би ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии ҳуруф (муқаррарӣ, курсив, ғафс ва ғафсу курсив) бо ёрии командаи менюи равзанаи он ПравкаШрифт (ТаҳрирҲуруф) идора карда мешавад.
Расми 43. Равзанаи робитавии ҳуруф Ҳуҷҷати сохташударо бо ёрии командаи ФайлСохранить как (ФайлСабткунӣ ҳамчун) дар хотира (винчестер ё дискет) нигоҳ доштан мумкин аст (Расми 44). Агар ба файли ҳуҷҷат ном нагузоред, он гоҳ система ба он номи Безымян ный.txt дода, онро дар папкаи Мои документы (Ҳуҷҷатҳои ман) нигоҳ медорад. Номи файл дар майдончаи Имя файла (Номи файл)-и равзанаи робитавии Сохранение (Нигоҳдорӣ) дохил карда мешавад. Пас аз дохилкунии номи файл бояд тугмаи командавии Сохранить (Сабткунӣ)-и равзана пахш карда шавад. Пас аз таҳрирҳои ояндаи файли ҳуҷҷат, барои нигоҳдории он кифоя аст, ки командаи ФайлСохранить (ФайлСабткунӣ) истифода бурда шавад. Барои таҳриркунии матни ҳуҷҷат, шумо бояд такроран ба мавзўи клавиатура (синфи 8) муроҷиат намоед. Агар шумо ҳангоми таҳриркунии матн тугмаи функ-сионалии F5 –ро пахш намоед, он гоҳ дар матни ҳуҷҷататон ба таври автоматӣ таърихи рўз ва вақти ҷорӣ илова карда мешавад. Барои кушодани файли ҳуҷҷат бошад, командаи ФайлОткрыть
(ФайлКушода шавад) хизмат мерасонад.
Расми 44. Равзанаи робитавии сабткунӣ
Саволҳо:
- Чӣ гуна программаҳоро программаҳои стандартии Windows меноманд?
- Ба программаҳои стандартии Windows кадом программаҳо дохил мешаванд?
- Программаи Блокнот барои иҷрокунии кадом вазифаҳо пешбинӣ карда шудааст?
- Программаи Блокнотро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст?
- Оё дар матни ҳуҷҷатҳои бо ёрии Блокнот сохташуда ҳуруфҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст?
- Барои дар диски винчестер сабт намудани матни ҳуҷҷати бо ёрии Блокнот сохташуда аз кадом команда истифода бурдан лозим аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
- Аз Менюи асосии Windows истифода бурда программаи Блокнотро ба кор дароред ва дар мавзўи «Тоҷикистон ватани ман аст» ба воситаи клавиатура 15 ҷумлаи начандон калонро ба компютер дохил намоед.
- Матни дохилкардашударо дар папкаи хусусии худ бо номи Ватан сабт намоед.
Барномаи стандартӣ
Барномаҳои стандартӣ дар системаи амалиётии Windows — маҷмӯи барномаҳои муфид ва маъруфе мебошанд, ки ҳангоми дар компютер насб намудани системаи амалиётӣ, бидуни восита онҳо низ ба таври худкор дар компютер насб мегарданд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳи барномаҳоро барномаҳои таркибии системаи амалиётӣ низ мегӯянд.
Барномаҳои стандартӣ барои амалигардонии мақсадҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Мо дар синфи 5 аллакай бо ду барномаи ин гурӯҳ — виросторони матнии NotePad BaWordPad шиносоӣ пайдо карда будем. Имсол низ, дар мавзӯъҳои оянда, мо бо чанд барномаи дигари ин гурӯҳ шинос хоҳем шуд.
Умуман, дар системаи амалиётии Windows 10 барномаҳои стандартиро бо ёрии силсилафармонҳои Огоз (Пуск) -Ҳамаи замимаҳо (Все приложения) ► Стандартӣ- Windows (Стандартные-Windows) рӯйи кор овардан мумкин аст.
Қариб тамоми барномаҳои стандартии СА Windows бо дастури корбарӣ — маълумотномаи дохилӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ оид ба барномаи стандартӣ ё ягон ҷузъ (объект)-и алоҳидаи он, кифоя аст, ки дар сафҳакалид тугмаи функсионалии «Ғ1» ё дар тарафи рости сатри менюи барнома «аломати савол» — «?» (дар мавриди мавҷуд будани чунин аломат) пахш карда шавад.
Ҳамин тариқ, дарҳол пас аз насби СА Windows, бе истифодаи ягон замимаи иловагӣ, компютерро барои иҷрои бисёр корҳои муфид сафарбар кардан мумкин аст. Таъминкунандаи асосии ин гуна имконот — барномаҳои стандартии таркибии системаи амалиётӣ мебошанд. Барномаҳои стандартӣ муаррифгари гунаҳои одии замимаҳои татбиқии истифодаи умум ба ҳисоб мераванд.
Барномаҳои мазкур имконият медиҳанд, ки навомӯзон бо реквизитҳои (ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа — барномаҳои ҳатмии СА) Windows шоносоӣ пайдо намуда, бо истифода аз буфери мубодилаи СА байни замимаҳои гуногуни система мубодилаи иттилоот барпо намоянд.
Барномаҳои стандартӣ метавонанд ба рушди завқи идроки навомӯзон, малакаҳои корбарии онҳо бо муш ва сафҳакалид, худсанҷишии фаннии онҳо, баландбардории қобилияти хулосабардорӣ ва ёддоштнависии хонандагон мусоидат намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, барномаҳои стандартӣ метавонанд фарҳанги иттилоотии хонандагонро рушд дода, онҳоро дар рӯҳияи зиракӣ, ҳушёрӣ, дақиқкорӣ, бонизомӣ, устуворӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Тарзҳои кушодани равзанаҳои барномаҳои стандартӣ ва усулҳои истифодаи онҳо аз ҳамдигар кам фарқ доранд. Ҳоло бо таъйиноти ин барномаҳо шинос хоҳем шуд.
■ Internet Explorer — барнома-браузер буда, «интернет эксплорер» хонда мешавад, нармафзори таркибии СА Windows ба ҳисоб меравад, барои кушодану корбарии сомонаҳои интернетӣ пешбинӣ шудааст. Ширкати Microsoft аз соли 1995 то соли 2015 пайваста гунаҳои рушдкунандаи ин барномаро рӯйи кор овардааст. Дар
системаи амалиётии Windows 10 ҷойи Internet Explorer ба браузери наву тавоно Microsoft Edge супорида шудааст.
- Paint — виростори графикӣ (утилити махсуси функсионалӣ) буда, барои расмкашӣ ва таҳрир намудани тасвирҳо пешбинӣ шудааст. Бо ёрии Paint тасвирҳои ҳам одӣ ва ҳам мураккабро сохтан, онҳоро дар шакли парванда нигоҳ доштан, дар коғаз чоп кардан, ҳамчун заминаи мизи кории СА истифода бурдан ва дар дигар санадҳо гузоштан мумкин аст. Виростори графикии Paint асосан барои коркарди тасвирҳои растрӣ (нуқтавӣ)-и форматҳои «.jpg», «.gif» ё «.bmp» истифода бурда мешавад.
- WordPad — протсессори матнӣ буда, нисбат ба виростори матнии NotePad барномаи мураккабтари коркарди матнҳо ба ҳисоб меравад. Бо ёрии барномаи мазкур матнро натанҳо ворид, балки таҳрир ва форматбандӣ кардан мумкин аст. Усулҳои коркарди матнҳо дар протсессори матнии WordPad стандартӣ буда, матни ба воситаи он тайёркардашударо дар протсессорҳои матнии тавонотар низ истифода бурдан имконпазир аст.
- Дафтари ёддошт. (Блокнот, NotePad) — виростори содатарини матнӣ, ки барои сохтани санадҳои одии беформати матнӣ, нигахдорӣ ва чопи онҳо дар шакли парванда пешбинӣ шудааст. Ин барномаро барои он дафтари ёддошт ном мебаранд, ки вай бештар барои сабти ёддоштҳо, мактубҳо ва маълумотҳо созгор аст. Усулҳои ҷудокунии матн, таҳрир ва ба буфери мубодила равон кардану аз он гирифтани матн дар ин барнома мутлақо стандартӣ буда, матни дар он коркардшуда дар тамоми виросторони дигари матнӣ бе ягон тағйирот қабул карда мешавад.
- Ёрии фаврӣ (Быстрая помощь) — барномаи стандартӣ барои пайваст шудан ба компютери дигар истифодабаранда, бо мақсади расонидани ёрии фаврӣ дар бартарафкунии нуқсони барномавӣ.
Қайчӣ (Ножницы) — барномаи стандартӣ барои ҷудо кардан, дар шакли парванда нигоҳ доштан ва дар дигар барномаҳо истифода бурдани тасвири қитъаи дилхоҳи экрани (скриншот — screenshot) компютер.
Лавҳаи математикӣ (Панель математического ввода) — барномаи стандартӣ барои аз планшет ё бо ёрии муш ворид кардани ифодаҳои математикӣ ва шинохти ин гуна ифодаҳо. Аз барномаи мазкур дар дарсҳои математика ва физика истифода бурдан муфид аст.
Пайвандсозӣ бо мизи кории фосилавӣ (Подключение к удаленному рабочему столу) — барномаи стандартӣ барои пайвастани компютери додашуда ба компютери дар фосилаи дур ҷойгирбуда. Пас аз пайвастшавӣ, бо компютери фосилавӣ тавре кор кардан имконпазир аст, ки гӯё бо мизи кории компютери худ кор карда истода бошӣ. Яъне тамоми захираҳои иттилоотии компютери фосилавӣ дастраси компютери мавҷуда мегардад.
■ Дастгоҳи навозиши Windows Media (Проигрыватель Windows Media) — барномаи стандартӣ барои шунидан, тамошо кардан ва корбарӣ бо парвандаҳои садоӣ ва видеоӣ дар муҳити гунаҳои системаи амалиётии Windows.
Дастгоҳи навозиши Windows Media (Windows Media Player ё WMP) ба ғайр функсияҳои аудиоӣ ва видеой, инчунин имконияти нусхабардорӣ ва сабт карданро дар форматҳои Audio CD, MP3 CD ва ғайра, аз плеерҳои рақамӣ ва дигар воситаҳои мобайлӣ ба компютер ва баръакс, таъмин карда метавонад.
Воситаи дидани XPS (Средство просмотра XPS) — барнома бо санадҳои XPS (XML Paper Specification) иҷро намудани амалҳои азназаргузаронӣ, ҷустуҷӯ, насб ва ғайраро таъмин менамояд. Санади XPS — дилхоҳ парвандаест, ки дар формати XPS нигоҳ дошта шудааст. Ин гуна санадҳоро бо ёрии ҳар гуна барномаи Windows, ки дорои имконияти чопи санадҳо мебошад, сохтан мумкин аст, аммо азназаргузаронии онҳо танҳо бо ёрии «Воситаи дидани XPS» имконпазир аст.
Факс ва скан (Факсы и сканирование) — барномаи стандартӣ барои интиқолу қабули факсҳо ва дарёфти иттилоот бо ёрии сканер мебошад.
а) Ҳангоми истифодаи барномаи мазкур барои корбарӣ бо факсҳо, ҳоҷат ба мавҷуд будани дастгоҳи факсималӣ шарт нест. Қабул ва интиқоли факсҳо тавассути худи компютер анҷом дода мешаванд. Барнома имкон медиҳад, ки факсҳо натанҳо интиқол ё қабул карда шаванд, балки онҳо дар коғаз чоп карда шаванд, бо почтаи электронӣ фиристода шаванд ва дар намуди парвандаи факсӣ нигоҳ дошта шаванд.
Барои иҷрои амалҳои зикршуда зарур аст, ки:
- Компютер бо хати телефон пайваст бошад. Агар барои кори компютер модеми беруна зарур бошад, он гоҳ аввал хати телефонро бо модем ва баъд модемро бо компютер пайваст кардан лозим аст.
- Дар лавҳаи абзор тугмаи «Факс сохта шавад» (Создать факс)-ро пахш кардан лозим аст.
- Тибқи нишондодҳои мастери насби факс-модем корро ба роҳ монда, пас аз интиҳои он факси худро сохтан мумкин аст.
б) Барои дарёфти иттилооти матнӣ ё графикӣ бо ёрии сканер, аввал худи сканерро ба компютер пайваст кардан зарур аст. Санади сканшавандаро пеш аз амалгузаронӣ дидан ва параметрҳои қабули (гирифтани) иттилооти онро ба танзим овардан мумкин аст. Парвандаҳои
сканиро ба воситаи факс ё почтаи электронӣ интиқол додан ва дар коғаз чоп намудан имконпазир мебошад. Барои иҷрои амалҳои зикршуда зарур аст, ки:
- Сканерро ба компютер пайваст намуда, санадро ба сканер гузоштан лозим аст.
- Тугмаи амрии «Скан кардан» (Сканировать)-и банди «Факсҳо ва сканерҳои Windows» (Факсы и сканеры Windows)-H дар қисми чапи лавҳа ҷойгирбударо пахш кардан лозим аст.
- Параметрҳои скансозиро интихоб намуда, амали сканро иҷро намудан мумкин аст.
■ Афзорҳои системавӣ (System Tools) — ҷузвдони системавӣ бо парвандаи системавии «Ҷадвали аломатҳо». Парвандаи мазкур ба истифодабаранда имконият муҳайё месозад, ки аломатҳои дар сафҳакалид мавҷуднабударо ба матни санадҳо ҳамроҳ намояд.
- Кадом барномаҳои системаи амалиётии «Windows»-po барномаҳои стандартӣ мегӯянд?
- Барномаҳои стандартиро чӣ тавр рӯйи кор овардан мумкин аст?
- Вазифаҳои барномаҳои стандартӣ аз чӣ иборат аст?
- Шумо бо кадом барномаҳои стандартӣ кор кардаед?
- Internet Explorer чӣ вазифа дорад? Paint чй?
- Бо истифода аз барномаи стандартии «Қайчй» қитъаи муайяни мизи кории компютерро ҷудо кунед ва онро ҳамчун расм дар ягон парвандаи матнӣ гузоред.
- Бо ёрии барномаи стандартии «Лавҳаи математикӣ» ду ифодаи математикӣ созед.
- Дастгоҳи навозиши «Windows Media»-po ба кор омода созед ва ягон парвандаи мусиқиро кушоед.
- Бо ёрии барномаи стандартии «Факс ва скан» аз китоби дарсӣ мавзӯи ҷориро скан кунед ва онро ҳамчун парванда дар компютер нигоҳ доред.
Барномаҳои стандартии windows
Нақша:
1.Windows ва барномахои стандартии он
2. Таҳрири графики Paint.
Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графики Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкулятор ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии система ё программаҳои Компютерӣ ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.
ПРОГРАММАИ БЛОКНОТ
Программаҳои Блокнот таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназар гузаронии файлҳои матнии типи тхт. сохтани ҳуљљатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура (барои навомӯзон) истифода бурда мешавад. Ин барномаро бо ёрии фармони Менюи асосии система ба кор даровардан мумкин аст:
ПускПрограммыСтандартныеБлокнот
ПРОГРАММАИ МАТНИИ WORDPAD
Программае, ки дар таркиби Windows ҳамчун заминаи стандартӣ вуљуд дорад, протсессори матнии WordPad мебошад. Протсессори WordPad варианти соддатари протсессори пуриқтидортарини матнӣ Word ба шумор меравад. Ин программаро низ ба мисли дигар программаҳои стандартӣ ба кор медароранд.
ПускПрограммыСтандартныеWordpad
ПРОГРАММАИ «КАЛКУЛЯТОР»
Ба кор дарории барномаи калкулятор
ПускПрограммыСтандартные Калкулятор
Прогаммаи Калкулятор барои иљрокунии ҳисоббарориҳои оддитаринии риёзӣ, оморӣ, муҳандисӣ, илмӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Ин программа бо ёрии командаи Менюи асосӣ ба кор дароварда мешавад: Пуск Программы Стандартные Калкулятор. Программаи Калкулятор дар ду реља кор карда метавонад. Муқаррарӣ 2) Муҳандисӣ. (Расми 1). Барои аз як реља ба рељаи дигар гузаштан, аз командаҳои менюи равзанаи Калкулятор истифода мебаранд:
Вид Обычный ва Вид Инжинерный
Бо ёрии Калкулятори инжинерӣ ҳамаи амалҳои арифметикиро иљро ва қимати функсияҳои математикию омориро ҳисоб намудан мумкин аст. Рақамҳоро бо ёрии клавиатура ё худи равзанаи барнома (бо ёрии муш) дохил намудан мумкин аст. Тарзи кори ин барнома аз калкуляторҳои муқарарӣ (дастӣ) ягон фарқе надорад.
ТАҲРИРГАРИ ГРАФИКИ PAINT
Программаи Paint-яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор меравад. Грачанде воситаҳои ин программа имкониятҳои васеъи сохтани расмҳои дараљаашон профессионалиро надошта бошанд ҳам, вале омӯзиши он ҳамчун программаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва ғайра беандоза калон мебошад.
Командаи Пуск Программы Стандартные Paint программаи Paint-ро ба кор медарорад. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки программаи Paint таҳриргари графикӣ мебошад.
Дар равзанаи Paint ба ғайр аз сатри меню, боз панели асбобҳои он ва палитраҳои танзимсозии асбобҳо ва рангҳо мављуданд. Тугмаҳои панели асбобҳои Paint барои ба кор даровардани асбобҳои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба воситаи палитраи танзимсозии асбобҳо параметрҳои асбобҳоро (ғафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва ғайра) тағир додан мумкин аст. Элементҳои палитраи рангӣ бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.
Расмкашӣ дар майдони кори равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амали мегардад.
ФУНКСИЯҲОИ АСБОБҲОИ РАСМКАШИИ PAINT ЧУНИН АСТ:
-Људокунии соҳаи ихтиёрӣ. Бо соҳаи ихтиёрӣ кӯчондан,
нусхабардорӣ кардан ва нестнамуданро иљро кардан
-Људокунии соҳаи росткунљавӣ. Бо соҳаи росткунљавии
људокардашуда низ амалиёти кӯчондан, нусхабардорӣ ва нест
намуданро иљро кардан мумкин аст.
-Хатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз карда
-Рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур
-Рангинтихобкунак. Аз маљмӯи рангҳои дар расм истифода-
бурдашуда, яке аз рангҳоро ба ранги љорӣ табдил медиҳад.
-Масштаб. Масштаби элементи расмро тағйир медиҳад.
-Қалам. Барои кашидани хатҳои (рост, каљ) ихтиёри хизмат
-Мӯқалам. Принсипи кори мӯқалам ба қалам монанд аст.
Мӯқаламҳо андозаи гуногун доранд.
-Рангпошак. Барои расмкашӣ бо усули пошидани ранг истифода
-Бо ёрии ин асбоб дар расм матнҳо ҳамроҳ карда мешаванд.
-Хати рост. Барои кашидани хатҳои расм хизмат мерасонад.
-Хати каљ. Барои кашидани хатҳои каљи суфта хизмат мерасонад.
-Росткунља. Барои кашидани фигураҳои росткунљавӣ истифода
бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани росткунља тугмаи Shift
пахш карда шавад, он гоҳ квадрат ҳосил мешавад.
-Бисёркунља. Барои кашидани бисёркунљаи ихтиёрӣ хизмат мера
-Эллипс. Барои кашидани фигураҳои эллипсшакл истифода бурда
мешавад. Агар ҳангоми кашидани эллипс тугмаи Shift пахш
шавад, он гоҳ давра ҳосил мешавад.
- -Росткунљаи ҳамворкунљ. Росткунљае мекашад, ки кунљҳояш