Доклад Операционная система windows сообщение
Операционная система компьютера является самой главной его составляющей это то, что делает «компьютерное железо» умный. Самой распространенной операционной системой является система windows. В свое время в США зародилась компания Microsoft, которая и создала эту удивительную операционную систему. Сейчас это уже не компания, а мировая корпорация.
Windows начала быстро распространятся и набирать обороты по всему Земному шару, потому что она имела очень приятный дизайн и интерфейс. Главной ее отличительной особенностью стала скрытность исходного кода, то есть пользователь не видел коды написания программ. Именно так появился рабочий стол и цветовые палитры различных программ. В девяностых годах прошлого столетия это был огромный прорыв компьютерных технологий, так как новоиспеченная операционная система позволяла открывать одно программу поверх другой. В современное время этим некого не удивишь, современный персональный компьютер способен открыть хоть десять программ одновременно.
В далеком 1981 году зародилась компания Microsoft. Первым делам она купила лицензию и сходный код другой операционной системы, которая называлась Seattle Computer products. Microsoft не пыталась доработать эту операционную систему, а наоборот создать собственную, которая не будет похожа предыдущую. В этот же год началась плодотворная работа. Windows создавалась не на основе существующей операционной системе, а именно в ней. Компания разработала собственную программу для написания операционных систем. Именно таким методом появилась первая версия Windows. Первые труды были без успешными, так как операционная система сильно опережала существующие комплектующие компьютеров. То есть Windows была слишком мощной для компьютеров. Спустя несколько лет на рынке появились достойные запчасти для компьютеров. Именно в этот момент в компьютерную гонку вступает Windows. Дебютной версия называется Windows 0.1.
Однако она продержалось не долго, так как была выпущена «на скорую руку». Ее интерфейс сильно отставал от аналогов конкурентов. Спустя несколько лет с этого момента, мир снова содрогнулся от новейшей операционной системы. На рынке появилась система Windows 3.0. В ней были все стандартные приложения, которые есть на современных компьютерах. На борту появились мощные комплектующие, которые ускоряли работу процессора и улучшали цветопередачу монитора. Именно после выхода этой ОП, Microsoft официально закрыла исходный код системы. Теперь нельзя переделовать и дополнять ОП обычным пользователям. После этого разорились множество компаний, которые выпускали усовершенствованный Windows. Этот шаг был вынужденным, так как на рынке появилось множество «пиратских версий системы», которые выдавались за оригинал.
На сегодняшний день, Windows является ведущей операционной системой для домашнего компьютера. Максимально ее версией является Windows 10.
Операционная система windows
Популярные темы сообщений
Город Ставрополь является административным центром всего Ставропольского края. Это одновременно и культурный, и промышленный город. В нем хорошо сочетаются старые традиции, и современные передовые технологии.
Рецензией называется критический отзыв или заключение эксперта. Главными в данном отзыве или заключении является профессиональная критика и анализ любого произведения или же какой ни будь работы в научной сфере. Может быть все что угодно,
Большой популярности среди прочных натуральных пород в природе, большой популярностью пользуется гранит. Это полезное ископаемое, образовалось из расплавленной магмы, в самых недрах земли. В основе гранита лежат слюда, полевой шпат и кварцевые породы.
Системаи оператсионии windows реферат
Системаи оператсионии графикии Windows барои компютерҳои ҳозиразамони IBM PC системаи стандартӣ ба ҳисоб меравад. Калимаи Windows (Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад. Барои чӣ ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система ҳар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементҳои равзанаҳо бошад, программаҳо идора ва иҷро карда мешаванд. Windows то имрӯз аз вариантҳои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Ҳар як варианти
баъдинаи Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳанд. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештараи Windowsро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд. Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро аз ёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS-программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи командаҳои хоси худро дорад, ки онҳо аз командаҳои программаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа ба воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як DOS-программа аз сифр сар карда шавад. Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз рӯйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.
Аз тарафи дигар, ҳар як Windows-парограмма дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо ба ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест. Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар ин ҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, системаи оператсионии Windows: • Интерфейси графикии байни компютер ва истифодабарандаро таъмин менамояд. • Таъминоти программавии базавӣ ба шумор меравад, ки дар асоси он таҳриргарони матнӣ (масалан, Microsoft Word), таблитсаҳои электронӣ (масалан, Microsoft Excel), базаи маълумотҳо (масалан, Microsoft Access) ва дигар программаҳои амалӣ кор мекунанд. • Идоракунии хотираи компютер ва амалиёти дохилкунӣ ва хориҷкунии информатсияро ба ӯҳдаи худ мегирад. • Программаҳои хидматии махсусро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии худи система, программаҳои он, файлҳо, каталогҳо ва дискҳоро месанҷанд ва ба онҳо хизмат мерасонанд.
ОҒОЗ ВА АНҶОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS Оғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифодабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед — Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пӯшида шавад — Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурӯъ менамояд.
Оғози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи корӣ (Рабочий стол — Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо ама лиёт гузаронида шаванд. Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомӯш карда шавад. Асосан ду тарзи анҷомдиҳии кори система ва хомӯшгардонии компютер ҷой дорад:
1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан; 2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.
Microsoft WINDOWS Завершение работы Windows (Анҷоми кори Windows ) Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомӯш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад: Теперь питание компьютера можно отключить (Акнун компютерро хомӯш кардан мумкин аст). Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомӯш кардан мумкин аст. Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд. Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурӯъ менамояд. Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.
Системаи оператсионии виндовс
Нақша
1.Windows чӣ гуна системаи оператсионӣ аст?
2.Кадом вариантҳои системаи оператсионии Windows-ро медонед?
3.Системаи оператсионии Windows аз MS DOS чӣ бартарӣ дорад?
4.Файлу каталогҳоро дар Windows бештар чӣ гуна ном мебаранд?
5.Номгузории файлҳо ва папкаҳои Windows аз номгузории файлҳо ва каталогҳои MS DOS ягон фарқе дорад?
6.Системаи файлӣ гуфта чиро мефаҳмед?
7.Сохтори файлӣ чист ва бо он чӣ гуна амалиётро гузаронидан мумкин аст?
8.Объектҳои асосии Windows кадомҳоянд?
9.Нишона гуфта чиро мефаҳмед?
10.Ярлик аз нишона ягон фарқе дорад?
Сарсухан
Инсон ҳамеша ба сабабҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. Дар замонҳои қадим одам дар ҳисобкуниҳо аз ангуштони дастони худ истифода мебурд. Чӯбчаҳои нишонадор, тасмаҳои сурохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва ғайра намунаи ихтирооти ҳамон давраҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар пайдоиш ва барқароршавии техникаи ҳисоббарор ҷаҳиши асосӣ дар қарнҳои XVII-XVIII гузошта шудааст. Миошинҳои аввалини арифметикӣ ба маҳсули афкори олимони ин асрҳо мансуб дода мешаванд. Гарчанде он таҷҳизотҳо дар ихтирои компютер ҳамчун замина саҳми беандоза бузург гузошта бошанд ҳам, вале ягонтои он хосияти асосии компютер — ба таври автоматӣ иҷро кардани амалҳоро надошт.
Компютери аввалин дар нимаи дуюми асри XX дар ИМА сохта шудааст, ки дарозии он зиёда аз 30 метр ва вазнаш 30 тонна буд. Дар даврони мо компютерҳое сохта шудаанд, ки онҳо озодона дар кафи дасти инсон меғунҷанд, вале зудкорӣ ва маҳсулнокиашон аз компютери аввалин чандин маротиба зиёдтар аст.
Системаи оператсионии Windows
Имкониятҳои Windows
Системаи оператсионии Windows системаи графикӣ буда, барои компютерҳои IBM PC системаи стандартӣ ба хисоб меравад. Калимаи Windows ( Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад. Барои чӣ ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система ҳар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементҳои равзанаҳо бошад, программаҳо идора ва иҷро карда мешаванд.
Windows то имрӯз аз вариантҳои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Вариантҳои Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро қабатҳои оператсионии графикӣ ном мебаранд. Чаро ин программаҳоро на системаҳои оператсионӣ, балки кабатҳои программавӣ мегӯянд? Барои он ки пеш аз омодаи кор гаштани онҳо, бояд системаи оператсионии MS DOS ба кор шурӯъ намояд ва баъд онҳоро ин система ба хотира ҷеғ занад.
Вариантҳои баъдинаи Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows XP, Windows me бошад, системаи оператсионии графикии мустақил ба ҳисоб мераванд, чунки ҳангоми компютерро ба қувваи барқ пайваст намудан, онҳо ба кор оғоз менамоянд. Ҳар як варианти баъдинаи Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештари Windows-ро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд.
Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро азёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS – программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи командаҳои хоси худро дорад, ки онҳо аз камандаҳои программаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа бо воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешавад. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як DOS –программа аз сифр сар карда шавад.
Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз руйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.
Аз тарафи дигар, ҳар як Windows –программа дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо бар ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест.
Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар инҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.
Файлҳо ва папкаҳо
Бо мафҳумҳои файлҳо ва каталогҳо мо аз системаи оператсионии MS DOS шинос ҳастем. Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки файлҳо ва каталогҳо дар дискҳо ҷойгир карда мешаванд. Мафҳумҳои файл ва каталогро дар системаи Windows бештар ҳуҷҷат ва папка ном мебаранд. Аниқтараш, бо ҳуҷҷатҳо файлҳои матнӣ, графикӣ, мусиқӣ, садоӣ, тасвири видеоӣ ва ба инҳо монанд дохил мешаванд. Ин гуна файлҳо бо ёрии программаҳое сохта мешаванд, ки онҳоро программа—таҳриргарҳо меноманд. Масалан, ҳуҷҷатҳои матнӣ бо ёрии таҳриргарҳои матнӣ (ба мисли Лексикон, Microsoft Word) сохта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои графикӣ бошанд, бо ёрии таҳриргарони графикӣ (масалан, Paint) сохта мешаванд.
Файлҳое, ки матни программаҳоро дар бар гирифтаанд, файлҳои программавӣ ё худ программа номида мешаванд. Ин гуна файлҳо одатан бо ёрии ягон забони алгоритмӣ сохта мешаванд. Ба ғайр аз ин, боз файлҳое мавҷуданд, ки онҳо ахбороти махсусро дар бар мегиранд. Масалан, файлҳои ҳуруфӣ номидашаванда, ягон намуд ҳуруфро дар бар мегиранд.
Тарзи нигоҳдории файлҳоро дар дискҳои компютер системаи файлӣ мегӯянд. Файҳо одатан дар дохили ягон папка нигоҳ дошта мешавад. Папка дар навбати худ метавонад объекти ягон папкаи дигар бошад ё дигар папкаро дар бар гирифта бошад. Тарзи ҷойгиршавии папкаҳоро дар дохили ҳамдигар иерархияи папкаҳо мегӯянд. Сохтори иерархии нигоҳдороии файлу папкаҳоро дар дискҳо бошанд, сохтори файлӣ ном мебаранд. Ба мисли MS DOS дар Windows низ воситаҳои пуриқтидори идоракунии сохтори файлӣ мавҷуд аст. Амалиёти асосие, ки бо сохтори файлӣ мегузаронанд, инҳоянд:
1) Азназаргузаронии (навигатсия) сохтори файлӣ;
2) Бакордарории программаҳо ва кушодани ҳуҷҷатҳо;
3) Сохтани папкаҳо;
4) Нусхабардории файлу папкаҳо;
5) Ҷойивазкунии файлу папкаҳо;
6) Несткунии файлу папкаҳо;
7) Номивазкунии файлу папкаҳо.
Нишонаҳо ва ярликҳо
Нишона гуфта, тасвири графикии объекти Windows-ро меноманд. Объектҳои асосии Windows-ро программаҳо, файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳад. Ҳар он амалиёте, ки гӯё бо нишонаи объекти гузаронида мешавад, дар асл бо худи объект иҷро карда мешавад. Масалан, нусхабардорӣ намудани нишона, дар асл нусхабардории объект аст. Нишонаро нест намудан-ин объектро нобуд сохтан аст.
Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гӯё тасвири графикии ягон объекти Windows аст. Вале фарқи ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад , он гоҳ ярлик танҳо сояи объект ё худ суроғаи онро тасвир мекунад. Ярликҳоро асосан барои зуд кушодани папкаю ҳуҷҷатҳо ва бакор даровардани программаҳо истифода мебаранд. Барои ҳар як объект, бо номҳои гуногун, якчанд ярлик сохтан мумкин аст. Онҳоро дар як равзана ё равзанаҳои гуногун ҷойгир кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ярликро нишондиҳандаи суроғаи объект низ номидан мумкин аст. Агар мо ярликро нест кунем, он гоҳ дар асл на худи объект, балки нишондиҳандаи суроғаи он нест карда мешавад.